АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Уви.
Сорбони Ҳомид баъди ним соат аз маҷлис берун омад ва Давидоваро ба кабинети кориаш даъват кард.
– Хуш, шуморо гўш мекунам Рухсора Давидовна, – баробари ба курсӣ нишастан гуфт ў.
– Агар ба ёдатон бошад, ман дар бораи як расм гуфта будам.
– Ин дар нишондодатон ҳаст.
– Дар ҳамин бора ман ба як нафари дигар ҳам рози дил карда будам.
– Хуш, кӣ будааст он касе, ки сазовори чунин боварии шумо гаштааст?
– Собиқ дугонаи ман, Малсагова.
– Чаро собиқ?
– Чунки ситораи мо рост наомад ва муносибатамон канда шуд.
– Ба фикри шумо он расм сеҳре доштааст?
– Модоме, ки ба воситаи он худи Кабиров даст ба шантаж задааст, бояд расми сеҳрнок бошад ва аҷаб нест, ки маҳз ҳамон расм боиси марги Сабринисо гашта бошад.
– Дар чунин маврид канорҷўйӣ ё чизеро аз тафтишот пинҳон доштан нашояд. Охир мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ қарзи ҳамагон аст. Шояд ҳамин иловаи шумо дар рафти тафтишот тағйироти куллиеро ба амал биёрад…
… 39 …
Ҳарчанд Сабуров аз куҷо овардани он линчае, ки боиси зарари ҷисмонӣ гирифтани нозири минтақавӣ Ҳотамов гардид, то кунун шарҳ надода буд, вале субҳи рўзи аввали баъди иди ғалаба шахсе бо ариза ба милиса омад, ки боиси фурў бурдани оби даҳонаш гашт. Охир дуздӣ ин одамкушӣ нест ва то кунун чӣ аз нигоҳи қонун ва чӣ аз нигоҳи мардум байни ин ду ҷиноят фарқиятест аз замин то осмон. Тоҳир Наъимович бо назардошти ҳолатҳои ба амаломада, ки тағйироти куллиеро дар ҳаёти минбаъдааш пешбинӣ мекард, аризаи имрўзаро маънидод намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё