АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Аз ин рў, аз 22 рўзи дар ин шаҳр буданаш 15 шабонарўзашро дар хонаи Фотима дар иҳотаи ёру дўстон гузаронидааст. Ё магар ба хонаи дугона рафтан манъ аст?
– Мумкин, ба шарте, ки ба зиндагии дигарон халал нарасонед, – гуфт Сорбони Ҳомид.
– Хуш, гўед, ки мо ба зиндагии кӣ халал расонидем?
Ин беҳаёгии Аршиева ба мағзу устухони Сорбони Ҳомид кора карда, ки гуфт:
– Хомўш, дар ин ҷо ман суол медиҳам!
– Бубахшед, – сар ба зер афканда гуфт Аршиева.
– Ду шаб пеш дар куҷо будед?
– Дар хонаи Фотима.
– Инро кӣ тасдиқ мекунад?
– Ба ҷуз соҳибхона боз Олим Валиевич.
– Сабуров чӣ?
– Не, ў он шаб набуд, худи Олим ҳам қариб соатҳои бисту чор омад.
– Ҳеҷ нагуфт, ки аз куҷо омад?
– Шояд гуфта бошад, вале ман аниқ дар ёд надорам, ки ў чӣ гуфт. Барои ман аз ҳама муҳимаш омаданӣ ў буд.
– Чӣ хел бо ў шинос шудед?
– Гўё, ки намедонед, марду зан чӣ хел шинос мешаванд?
– Гуфтам, ки ба савол аниқ ҷавоб диҳед.
– Моро Тоҳир ва Фотима ба ҳам шинос намуданд.
– Чанд рўз шуд?
– Сенздаҳ рўз.
– Таърихи шиносшавиатон?
– 25 апрел.
Сорбони Ҳомид тақвими солро бароварда рўзҳоро бори дигар аз рўйи тақвим шумурд. Имрўз якшанбеи 7 –май.
– Гуфтаниед ки дар як нигоҳ ба Зубайдов дил бохтед?
– Не, ин шиносоии моро ба ғайр аз дилхушиҳои ҷавонӣ дигар хел фаҳмидан душвор. Албатта, ба шиносоии мо Тоҳир ва Фотима саҳмгузоранд ва ман тавсияи онҳоро бе ягон дудилагӣ пазируфтам.
– Аз ин шиносоӣ пушаймон нестед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё