АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Малсагова ҷавонзани дар намуд 27-28 солаи миёнқади сергўшт буд. Ў чашмони мешӣ, бинии баланди теғадор, мўйҳои марғула дошт. Дар рафти муайян кардани ному насаб ва санаи таваллуд муайян шуд, ки ў 28 сола буда, дар ягон ҷо кор намекунад. Ба саволҳои Сорбони Ҳомид, ки дар либоси ғайринизомӣ буд, бо дили нохоҳам, вале боэҳтиёт ҷавоб медод.
Шояд худи зиндагӣ ўро эҳтиёткор намуда буд. Охир дар умри
28 – солаи хеш ў се маротиба қонунӣ ба шавҳар баромада, ҷудо шуда будааст. Ягона фарзандаш Расули ҳаштсола ҳам ҳамроҳаш зистан нахоста, ба назди падараш рафтааст.
Пас аз рафтани Расул ў ғазаби хешро аз зиндагонӣ бештар ситониданӣ шуд. Шабҳоро бо айшу нўш рўз мекард ва парвои онро надошт, ки ҳамсояҳо аз ин рафтори ў ба дод омадаанд.
Дишаб ў ҳамсояҳояшро нотавонбинон номид.
Фотима Малсагова аз он шахсоне буд, ки ҳамеша аз об хушк мебаромад. Ў борҳо дар муҳорибаҳо аз болои ҳамсояҳо ғолиб омада буд, вале аз чӣ бошад, ки имрўз ба ҳуҷум нагузашт. Дилшикаста ва хотирпарешон буд. Се моҳ боз Сабуров зиндагии ўро ранг мебахшид.
Тоҳир чун борони баҳорӣ яку якбора ба зиндагии ў дохил шуд ва агар мехост аз файзи ин баҳор баҳравар мешуд, вале…
Расул ягона умедаш оне, ки тамоми ҳастиашро ба ў бахшид, дар як рўзи рўшан дасти падарашро гирифта, ҳамроҳаш рафт ва ба зораю илтиҷойи ў ҳатто нимнигоҳе накард.
Тарбияи кўдак занро аз баҳрабардории шириниҳои зиндагӣ ҳам мемонад. Ҳарчанд дар ягон ҷо кор намекард, вале дар зиндагӣ камбудие надошт. Шиораш дар зиндагӣ ин буд:
хочешь жить, умей вертится.
Аксарияти он ҷавонмардоне, ки бо ў шинос мешуданд, ҳамин шиори пешниҳодкардаи ҷавонзанро мепазируфтанд.
Тоҳир Наъимович ҳам чӣ тавр ба торҳои танидаи ин осетиндухтар афтиданашро нафаҳмид. Имрўз ба саволҳои Сорбони Ҳомид чун толиба дар имтиҳон ҷавоб гуфта, орзуи гирифтани баҳои нағзро надошт. Орзуи ягонаи ў ҳар чӣ тезтар аз ин даргоҳ баромада ба хона рафтан ва он чизу чорае ки аз Тоҳир дар хонааш монда, бурда дар ягон ҷойи бехавф пинҳон кардан буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё