Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ҳайкалчаи биринҷии Кутузовро чӣ?– ба гап ҳамроҳ шуд Сорбони Ҳомид ва рост ба чашмони мусоҳибаш нигарист.
Аз чӣ бошад, ки Зубайдов нигоҳашро аз нигоҳи милисионер гурезонида гуфт:
– Кадом ҳайкалча? Шумо чиҳо гуфта истодаед, ё ки мо ба меҳмонӣ омадем, гунаҳкор шудем. Наход шумо гумон кунед, ки ҳамаи ҷиноятҳои дар шаҳратон ба вуқўъ пайвастаро мо бояд ба гардан бигирем.
– Тафтишот аз шумо ягон чизи аз будаш зиёдро талаб намекунад, вале шуморо огоҳ месозад, ки ба гуноҳи хеш иқрор шудан ин танҳо ба манфиати худи шумост.
– Он чӣ ки ман медонистам гуфтам, дигар дар бораи он ҳайкалчаи биринҷӣ тасавурот надорам, метавонед ҳамин суханони маро ба нишондодам илова кунед.
– Ҳисоб кунед, ки ин талаби шуморо мо ба ҷо овардем.
Акнун гўед, ки он линча чӣ дошт ва онро шумо аз куҷо овардед?
– Линчаро мо аз хонаи як рафиқи Тоҳир, ки номаш Абўбакр аст овардем.
– Хонаи Абўбакр дар куҷост?
– Ман намедонам, чунки мо шабона ба он ҷо мошинсавор рафтем ва то посе аз шаб гузаштан он ҷо мондем. Дар бозгашт тахминан аз нисф зиёди роҳро бо таксӣ омадем ва бо амри Тоҳир дар чораҳае фаромадем, чунки Тоҳир сари қадам бояд ба хонаи Фотима медаромад.
–Линчаро-ку фаҳмидем, ки аз хонаи Абўбакр гирифтед, аммо мехкашакро аз куҷо гирифтед?
– Мехкашак ҳам ҳамроҳи линча дар ҳамон ҷо буд. Абўбакр худаш ба коғазе печонида оварда, ба дасти Исроил дод.
– Дар дохили линча чӣ буд?
– Инашро ман намедонам.
– Линчаро дар куҷо мондед?
– Азбаски мо бо милисионер рў ба рў шудем ва ҳодисаи ба шумо маълум рух дод, Тоҳир ба хулосае омад, ки якҷоя ба хонаи Фотима рафтани мо шарт нест, аз ин рў мо дар ҳамон ҷо азҳам ҷудо шудем. Ман ба хонаи Фотима рафтам ва дар он ҷо шабро ҳамроҳи Зуҳро дугонаи Фотима рўз кардам. Тоҳир бошад линчаро бардошта ба тарафи муқобил рафт…

пешина
аз 416
навбатӣ