Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса нақши зиёди ангуштон гирифта шуда буд. Ташхисгар криминалист лейтенанати калони милиса Колеснитсин Юрий Михайлович он шаб дар ҳақиқат меҳнати пурсамаре карда, аз бўстонсаро нақши ангуштони зиёдеро ба дактоплёнка гирифт.
Вале бадбахтии кор дар он буд, ки ягон нақши гирифтаи Юрий Михаилович ба нақши ангуштони дар бойгонии ЭКО маҳфузбуда рост наомад. Дигар чизро ҳам интизор шудан ба гумон буд. Шахси ба бўстонсаро ташрифоранда аз бетаҷрибагӣ даст ба куштор зада буд. Вагарна ҷавобгарӣ байни дуздӣ ва одамкушӣ аз замин то осмон фарқ дорад. Агар нишондоди соҳиби бўстонсаро Кабиров дар ҳақиқат дуруст бошад, наход барои як ҳайкалчаи биринҷии сарлашкар Кутузов одам ба чунин ҷинояти мудҳиш даст занад. Ҳамаи ин саволҳо беҷавоб буданд, ки тайи як ҳафтаи охир ба худ ҷавоб меҷўстанд. Ва ё аз рўйи тасоддуф ва ё бо амри тақдир бошад, имшаб яке аз коргароне, ки ҳамроҳи Файзуллоева кор мекард новобаста аз хоҳишаш ба ин ҷо оварда шуд. Дар бораи гунаҳкор ё бегуноҳ будани Тоҳир Наъимович ҳоло андешаронӣ намудан барвақт буд, вале аз рўйи вазифаи хеш Сорбони Ҳомид дар ин самт алоқаеро медид.
Ў ҳамеша дар он ақида буд, ки гиреҳи ҳама гуна муамморо танҳо он касе дуруст кушода метавонад, ки худ муамморо ба вуҷуд оварда бошад. Дигарон аз ҷумла тафтишот муамморо дар шакли умумӣ арзёбӣ мекунанд. Ҳақиқати ҳол ё шакли конкретии онро танҳо охири тафтишот рўйи об мебарорад. Бо ҳамин фикру хаёл ў бистарашро болои мизи кориаш партофта дароз кашид.
… 28 …

Кабиров аз назди муфаттиш ба хона баргашта ҳамсарашро дида аввал ҳатто тарсид. Чашмони зан фурўнишаста аз он рухсори ҳафтае пеш доштааш осоре намонда буд.
– Ба ту чӣ шуд?
– Боз мепурсӣ чӣ шуд? Чӣ хел котибаат вориди бўстонсаро шудааст, ана, акнун ёбу гир, паст наомада гуфт зан.
– Ман ба ў калидҳоро дода, илтимос намуда будам, ки гоҳ– гоҳ рафта ба гулҳо об резад.

пешина
аз 416
навбатӣ