АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Ҳамаи сардорони бахшҳоро Қаюмов ба наздаш ҷеғ зад, бинобар ин Абдулло Мирзоев маро ба назди шумо фиристод.
– Чӣ илоҷ модоме, ки пир наомад ба омадани асояш ҳам шукр. Марҳамат гузашта шинед, - гўён курсиеро ба ҳамкораш нишон дод.
… 24 …
Оиша ҷойи нишаст намеёфт. Гўшаки телефонро ба ҷояш мондани шавҳар болои сўхта намакоб шуд. Ў аз ҳодисаи дар бўстонсаро рухдодаро аз забони худи шавҳар шунид. Тарси ў аз оне ки Файзуллоеваро ба қатл расониданд набуд. Тарси ў дар дигар ҷо буд ва инро танҳо се кас медонист.
Онҳо бо Ғиёс тасодуфан шинос шуданд. Боре ў ҳангоми аз кор баргаштан дар истгоҳ мунтазири автобус меистод. Нохост автомашинаи «ГАЗ–24» суръати ҳаракатшро паст карда наздаш истод ва гуфт, ки хонум азми сафари куҷо дорад?
– Ба роҳатон рафтан гиред.
– Мебинам, ки азми сафари дур доред.
– Кори шумо чӣ? Ман дур меравам ё наздик, аз роҳатон намонед.
– Ҳатто агар ба Миррих ҳам равед, ман шуморо мебарам.
– То Регар меравам.
– Ҳеҷ гап не, ман ҳам ба ҳамон тараф рафтанӣ,– дурўғ гуфт ронанда.
Оиша розӣ шуд ва аз дари қафои мошин нишаст.
Автомашина ба роҳ даромад ва ронанда ҳамсафарашро аз оина ба зери назорат гирифт.
– Чӣ бо язнамулло ҷанҷол кардед?
– Аз куҷо донистед?
– Аз ҳамин сиёҳии таги чашматон.
– О, вай майзадаро садқаи зан кунад, – гуфт Оиша ва аз тақдири бади хеш хело гила кард.
Ронанда ўро то худи Регар бурд ва чун фаҳмид, ки аз шав– ҳар ҷудо шудааст, дарди дилашро кушод. Ҳамин тавр онҳо шинос шуданд. Тахминан чор сол пеш хешовандонаш ўро ба Кабиров, ки ҳамсараш фавтида буд, никоҳ карда доданд. Вақте ки Қамар Абдулғаниевичро баъди директор интихоб шуданаш аввалин маротиба автомашинаи хизматӣ то пеши хонааш овард, директор ронандаро ба ҳолаш намонда, ба хона таклиф кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё