АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Баъди ин ҳодиса Зинаида Митрофановна ўро писар хонд.
– Хуш Зина–хола гўшам ба шумо,– баъди ҳолпурсӣ гуфт Амрихудоев.
– Чор – панҷ рўз пеш омада будам, шуморо наёфтам, гуфтанд, ки дар рухсатиед, гашта рафтам. Шояд намеомадам, вале чӣ хеле ки мегўянд аз бад бадтар шуд.
– Чӣ, Данил корро партофт?
– Шукри худо ки не. Даниэл аз кораш бисёр хушнуд аст.
– Шуморо гўш мекунам.
– Гап дар сари он, ки дар ошёнаи сеюм дар болои хонаи мо зиёда аз як ҳафта боз мастию мастигарист, метарсам, ки ҳодисае рух надиҳад.
– Дар хонаи Фотима?
– Боз дар куҷо мешуд, бачам? Аз рўзе ки ў ба ҳамсоягии мо кўчида омад, дигар осуда нестем. Намедонам, ки дар ҳамон Кавказ барои ў ҷой ёфт нашуд, ки худои таоло чун тундар ўро ба сари мо овард.
Амрихудоев чанд бори дигар ҳам дар ин бора бо Фотима Малсагова суҳбат дошт, вале маълум мешавад, ки бе натиҷа…
– Майлаш, худи ҳамин рўз ман аз пайи ҳамин кор мешавам.
– Илоҳо барака ёбӣ бачам, – гўён Хазина аз ҷой бархест.
Пас аз рафтани Зинаида Митрофановна Амрихудоев сари ин масъала бисёр фикр кард. Маълум мешавад, ки зиёда аз як ҳафта дар хонаи Малсагова айшу нўш давом дорад. «Меҳмонони» Малсагова баъди торикшавӣ чун муши паррон пайдо шуда, пеш аз дамидани субҳ ин хонаи иҷоравиро тарк мекунанд. Кӣ бошанд ин мушҳои паррон?
Ў гўшаки телефонро бардошта, дар диск чанд рақамро тоб дод.
– Капитани милиса Мирзоев гўш мекунад.
– Ба капитани милиса Мирзоев аз капитани милиса Амрихудоев салом.
– Саломат бошед, Маридихудо ҳеҷ аз ҳамин шўхиҳоят намондӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё