Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз чунин бесарусомонӣ ман дасту по хўрда, ба хонаи шафат гузашта, ҷисми беҷони Сабринисоро болои фарш дидам.
– Аз куҷо занг задед?
– Аз кабинети директор.
– Дурўғ нагўед!
– Охир, дар он маҳал дигар телефон нест, пас ман аз куҷо занг мезадам?
– Агар занг зада бошед, пас чаро нақши ангуштонатон дар гўшаки телефон нест?
– Ана, гап дар куҷо будааст.
– Гап занед.
– Чӣ гўям. Рости гап, чун ман набзи Сабринисоро дидаву боварӣ ҳосил намудам, ки ў дигар ба ёрие муҳтоҷ нест, сараввал хостам, ки аз ҷойи ҳодиса ғайб занам. Вале фикре ба сарам омаду аз райъам гаштам. Охир ман ба он ҷо пиёда не, балки бо автомашинаи хизматиам рафта будам ва автомашина нақши хешро, албатта мегузорад. Аз ин рў, бо дастрўймолчаам гўшаки телефонро бардошта, бо як эҳтиёткорӣ рақамҳои дискро тоб додам. Сипас, давида ба поён фаромадам ва автомашинаи дар гараж мондаамро бароварда пеши дарвозаи даромадгоҳи асосӣ мондаму интизори омадани Шумо шудам.
– Аниқ медонед, ки ҳайкалча ҳамон ҷо буд?
– Гуфтам–ку ҳайкалча ниҳоят зебо ва ба қавли директор чизи антиқӣ буд. Чӣ хеле ки Қамар Абдулғаниевич нақл кард, ў ҳайкалчаро баъди тамошои «Панорамаи Бородино» ба даст оварда будааст. Аз рўйи шунидам кадом яке аз шиносҳояш сарлашкари машҳурро ки дар муҳорибаи Бородино ғолиб омада будааст, ба ў тақдим намудааст.
– Шумо вақте ки дуюмбора барои телефон кардан ба кабинети директор даромадед, ҳайкалчаро дидед?
– Дар ёдам нест.
– Дар берун чӣ қадар вақт истодед?
– Ягон ним соат, шояд андаке кам ё бештар омадани шуморо интизор шудам.
– Дар ин муддат дигар ба хона надаромадед.
– Не.

пешина
аз 416
навбатӣ