АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Бисёр хуб, акнун гўед, ки се шаби охир дар куҷо ва ҳамроҳи кӣ будед?
– То ман барои кадом гуноҳ айбдор шуданамро надонам дигар ба ягон саволатон ҷавоб намедиҳам.
– Гап дар сари он ки субҳи рўзи 25– уми феврал дар кўчаи Заргарон дар наздикии роҳи оҳан ҷисми беҷони занеро ёфтанд…
– Ин ҷо ман чӣ дахл дорам? Ҳатто дар куҷо будани он кўчаро намедонам. Оё касе дидааст, ки он занро ман куштам?
– Дахл доштан ё надоштанатро рафти тафтишот ҳал мекунад, вале Замира Аскаровна ба Тошканд нарафтааст…
– Гуфтаниед, ки…
– Ҳа, он зан ҳамсари шумост.
– Ана, гап дар куҷо будааст, – гўён Зубайдов пешонаашро дошта, ба андеша фурў рафт…
Фазои кабинети муҳандисро хомўшӣ фаро гирифт. Абдумаҷидов низ ёрои сухан гуфтан надошт. Ниҳоят Зубайдов ашки чашмонашро бо рўймолча пок карда гуфт:
– Дар ҳақиқат вақтҳои охир байни ману Замира ҳамдигарфаҳмӣ аз байн рафта буд. Ба таври дигар гўем оташи ишқ дар дилҳои мо дар арафаи хомўш шудан буд. Вале ҳамаи ин маънии онро надорад, ки ман қасди ҷони ҳамсари хеш карда бошам. Ман дар асоси қонун бояд аз ҳамсарам ҷудо мешудам, ҳарчанд ў инро намехост. Наход Шумо гумон кунед, ки ман…
– Хафа нашавед, аз мо.
– Чӣ маро ҳабс мекунед? Марҳамат. Вале бовар кунед, ки ин андеша ба сари ман ҳаргиз наомада буд.
– Не, барои ин мо далелҳои кофӣ надорем. Вале кўшиш кунед, ки аз шаҳр набароед. Сараввал аз паи ба роҳи охират гусел кардани ҳамсаратон шавед. Танҳо баъди он ба милиса биёед.
– Ташаккур ба Шумо. Бовар кунед, бародар, ман фикр мекардам, ки ў дар Тошканд аст ва имрўз ё пагоҳ бармегардад…
… 7 …
Дар ҷойи кор Каромат Зубайдовро ҳамчун мутахассиси
варзида ва инсони шариф таъриф карданд. Сарвари идора

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё