Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ба фикрам қотил аз сафари Кабиров ба Исфара хабардор будааст.
– Ин кам аст.
– Пўсткандаи гап ҳамин, ки ташрифи қотил ба бўстонсаро ин дуздӣ нест.
– Инаш аҷиб-ку.
– Ҳамин хел рафиқ, капитан. Қотил аз ҳама бештар ба китобҳо таваҷҷўҳ зоҳир кардааст ва ба фикрам ў аз байни китобҳо дигар чизро ҷустуҷў доштааст.
– Муаммогўиро бас кунед!
– Ба фикрам Кабиров на аз он зотони покест, ки мо гумон мекунем ва ба сари қудрат омадани ў на танҳо барои мо, балки барои коргарони завод ҳам як муаммост…

… 8 …

Субҳи рўзи Якуми май ҳавопаймои ЯК – 40 аз Исфара ба Душанбе фуруд омад. Қамар Абдулғаниевич аз фурудгоҳ рост ба милиса омад. Дар давоми ду соли кораш ин бори аввал буд, ки Назаров ба пешвози ў набаромад…
Дар кўчаҳои шаҳр мардум бо сару либоси идона ба намоиш баромада буданд. Аллакай, роҳи марказиро барои гузаронидани митинг ва намоиши меҳнаткашон маҳкам карда буданд. Ронандаи таксӣ аз тангкўчаҳо ба роҳи канори шарқии шаҳр баромада, дар интиҳо ўро то пеши бинои милисаи ноҳияи Сарчашма овард.
Бо ронанда ҳисобӣ карда, ба тарафи бинои милиса ҳаракат намуд. Дар даромадгоҳи бино милисионери ҷавоне ўро боздошта, мақсади ташрифашро пурсид.
Кабиров коғази чорқатшудаеро аз кисааш бароварда ба дасти милисионер дода гуфт:
– Ана, дар ҳамин ҷо навиштагӣ.
Милисионер коғазро кушода хонд ва гуфт, ки баъди нисфирўзӣ биёяд.
– Худаш чӣ гап? Маро аз санатория даъват намуда, имконияти қабул кардан надоранд?

пешина
аз 416
навбатӣ