АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Дар ҳаёти оилавиашон хеле вақт боз муҳаббати самимӣ вуҷуд надошт. Ба гуфте шаҳвар дар шаҳр зан гирифта бошад.
Вале Замира ба ин гуфтаҳо бепарво буд.
Акбаршоҳ бо ҳамсояҳои Зубайдова суҳбат карда, маълумот гирифт. Онҳо гуфтанд, ки беҳуда аст Кароматро дар ин ҷо интизор шудан. Беҳтар аст, ки ба ҷойи кораш, ки дар шаҳр аст, равед. Ў суроғаи Кароматро ба дафтараш навишта ба роҳ баромад.
Дар истгоҳ интизори автобус меистод, ки аз тарафи муқобил Жигулие истод ва ронанда аз он фаромада ба тарафи ў омада истода гуфт:
– Оҳҳо, киро мебинам.
Дар рў ба рўйи худ Акбаршоҳ ҳамкурсаш Савриддин Тошев – судия суди ноҳияи Варзобро дид. Онҳо бо ҳам дар факултаи ҳуқуқшиносӣ хонда буданд. Баъди хатми донишгоҳ тақдир онҳоро ба ҳар тараф партофт ва чандин сол ҳамдигаро надида буданд.
Ба нею нею нестони Акбаршоҳ нигоҳ накарда, Савриддин ўро ба хонааш бурд. Онҳо то субҳ мижа таҳ накарда, солҳои донишҷўиро ба ёд оварданд…
… 6 …
– Ошёнаи дуюм, кабинети бисту ҳафт, – гуфт кампири дарбон ҳуҷҷати Акбаршоҳро дида.
– Майор милиса Абдумаҷидов, – худро ба соҳиби кабинет муаррифӣ сохт.
– Шуморо гўш мекунам, рафиқ майор.
– Гуфтаниед, ки ба кадом мақсад омаданамро намедонед?
– На ин ки мақсади омаданатонро намедонам, балки аз ин ташрифи ногаҳониатон ҳайронам.
– Дирўз ба хонаатон рафта шуморо наёфтам.
– Ба ноҳияи Варзоб?
– Бале.
– Ман чор рўз боз он ҷо нарафтаам.
– Чаро?
– Ҳамсарам ба Тошканд рафтагианд, бинобар ин бе ў чи кор мекунам гуфта нарафтам.
– Дар шаҳр истодед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё