Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ҳозир меорам.
Абдумаҷидов ба кабинеташ рафта, баъзе ҳуҷҷатҳоро аз назар мегузаронд, ки касе ба дар ангушт зада пурсид:
– Мумкин– мӣ?
– Марҳамат дароед!
Котиба китобе дар даст ворид шуд.
– Ҳа, Ирина Сергеевна, ба фикрам мактубро овардед?
– Бале, аввал ба ин ҷо имзои муборакатонро гузоред, – гўён котиба дафтари ғафсро назди Акбаршоҳ гузошт ва чун имзояшро гирифт мактубро ба дасташ дода, аз дар баромад.
Абдумаҷидов ба хондани мактуб сар кард.
«Шўъбаи корҳои дохилии ноҳияи Варзоб аз рўйи дархости шумо аз 25 феврали соли 199… хабар медиҳад, ки дар сурати фиристодаатон акси сокини кўчаи Некрўзон, хонаи рақами 66 ноҳияи Варзоб Зубайдова Замира Аскаровна аст…»
Акбаршоҳ хост, ки дар ин бора ба сардор хабар диҳад, вале зуд аз райъаш гашт. Зеро дар гўшаи мактуб худи Додарбеков чунин навишта буд: «Рафиқ Абдумаҷидов санҷида бароед!»
Барои аниқ кардан рўзи дигар ў ба ноҳияи Варзоб омад.
Оилаи Зубайдовҳо поёнтар аз маркази ноҳия зиндагӣ доштаанд. Замира чилу се сола буда, ҳашт сол аз шавҳараш Каромат калонтар будааст. Онҳо понздаҳ сол бо ҳам зиста, аммо фарзанддор нашуданд. Замира аз шавҳари аввалаш ҳам фарзанд надоштааст. Пас аз вафоти шавҳари аввалааш мероси калонеро ў соҳиб буд. Баъди як сол бо ҷавони бистсола Зубайдов Каромат издивоҷ кард. Дар никоҳ насаби Кароматро қабул намуд ва ба қавле барои мустаҳкамии оила саҳми аввалини хешро гузошт. То ҳанўз ҳамсояҳо дар бораи никоҳи онҳо ҳар хел гап мегўянд. Савол медиҳанд, ки чи тавр зани бева ба ҷавоне ки аз худаш ҳашт сол хўрд аст ба шаҳвар баромадааст?
Баъди издивоҷ ҳамон сол Каромат ба факултаи энергетикии Институти политехникӣ дохил шуд. Ба ақидаи мардум дар хонда тамом кардани институт саҳми Замира беандоза калон аст. Замира бошад касби собиқ шавҳарро ба мерос гирифт. Ў аслан дар хариду фурўши чизҳои антиқӣ таҷрибаи калоне андўхт…

пешина
аз 416
навбатӣ