Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ғиёс ки то ҳанўз ба меваи чунин шохи баланд чун Сабринисо рў ба рў нашуда буд, хатто кўшид, ки суҳбатро дар ҳамин ҷо қатъ кунад, вале он меваи пухтарасида на парвои шох дошту не аз дарахт…
Ва онҳо баъди ин ҳамин хел пинҳонӣ гоҳ– гоҳ дар автомашинаи хизматии Сергей Павлович Архангелскийй сайругашт мекарданд ва гулҳои баҳориро Ғиёс на аз кўҳу даман, балки аз ёлаҳои гулбадани дар паҳлўяш нишаста мечид…
Аз байн шаш моҳ гузашт ва рўзе Сергей Павлович ўро ба кабинети кориаш даъват карда хабар дод, ки Сабринисо дар беморхона аст, рафта хабар бигирад. Ў ҳеҷ мақсади директорро нафаҳмид ва ба беморхона рафт. Модари Сабринисо ўро дар пеши беморхона дида, ба гўшае бурд ва воқеаҳои ба сари духтараш омадаро нақл кард.
Ҳангоми ҷарроҳии куррўда духтурон аз рафти воқеаҳо бехабар ба модари бечора хабар доданд, ки ҳангоми ҷарроҳӣ ба набераи панҷмоҳаи дар батни модар буда осебе нарасид.
Чун модар ба ҳуш омад аз духтараш талаб кард, ки падари тифл кист? Ва Сабринисо ки шарму ҳаёро аллакай пеши по зада буд, ронандаи Архангелскиййро падари тифли хеш хонд.
Дар интиҳо ба Сергей Павлович муяссар шуд, ки Ғиёсро барои никоҳ розӣ кунонад ва баъди чор моҳ Баҳодур таваллуд шуд…
Албатта, дохили автомашина диван – кровати хориҷӣ нест ва ў аз як паҳлў ба паҳлўи дигар тоб хўрда, хотираҳои зиёдеро пеши назар овард. Моҳи июли соли гузашта мақтули иншаба ўро бо тани урён ҳамроҳи ҳамсари директор Оиша дар як бистар дид. Ҳарчанд худ фаришта набуд, вале ў ва Оишаро то ин вакт азоб дод.
Ниҳоят ўро маҷбур кард, ки аз Оиша даст шуста, бо худаш ишқварзӣ кунад. Азбаски ў то кунун ба бисёр хатогиҳо роҳ дода буд, ба хотири он ки Оиша дуюмбора хонавайрон нашавад, ба ҳама шартҳои Файзуллоева розӣ шуд… Ва инак ба вохўрии навбатӣ омада ҷисми беҷони Сабринисоро дид…
… 4 …

пешина
аз 416
навбатӣ