Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Соати чанд гусел намудед?
– Соатҳои ҳашти бегоҳӣ.
– Пас чаро соати ёздаҳ омадед?
– Бинобар бад шудани ҳаво дар фурудгоҳи Исфара самолёт то соати 22 парвоз накард ва ман директорро монда омада натавонистам.
Муфаттиш аз чӣ бошад, ки пурсиши Назаровро мавқуф гузошта, ба рафти азназаргузаронӣ таваҷҷўҳ зоҳир намуд.
Гурўҳи фаврӣ – тафтишотӣ бо ҷузъиёти майдатарин дохили биноро аз назар гузарониданд ва ҳамаи он ашёҳои назаррасро ба санади азназаргузаронии ҷойи ҳодиса сабт намуданд. Аммо ҷисмеро, ки ба воситаи он ба сари мақтул зарба задаанд, ёфт нашуд.
Пас аз ба мурдахона фиристодани ҷасад гурўҳи фаврӣ боз ним соат дар хусуси ин масъала андешаронӣ карданд, вале ба хулосаи аниқе наомада, онро то субҳ мавқуф гузоштанд. Бо супориши муфаттиш ду нафар милисаро дар бўстонсаро посбон монда, дигарон ба автомашина нишастанд. Сорбони Ҳомидро сари роҳ дар пеши хонаи иҷоравиаш фароварда, боқимонда ҳайати гурўҳ ба идораи милиса рафтанд. Вақте ки вай вориди хона гардид, соати дуи шаби рўзи навро нишон медод. Ў болои бистар дароз кашида, симои мақтулро пеши назар овард. Аз ҳуҷҷатҳои аз сумкачааш ёфтшуда бармеояд, ки мақтул Файзуллоева, Сабринисо Аловуддиновна соли таваллудаш 1974, истиқоматкунандаи кўчаи Баҳор буда, дар заводи шарбатбарории шаҳр вазифаи котибаи директорро ба ўҳда доштааст. Аз суҳбати кўтоҳи ронанда Назаров бармеомад, ки онҳо ҳарду пинҳонӣ вомехўрданд.
– Соат дар пойтахт ҳафт,– хабар дод радио ва Сорбони Ҳомид дилу бедилон аз ҷой бархоста, дасту рўй шўст ва бе тановул аз хона берун шуд.
– Чӣ илоҷ ҳаёти муҷаррадӣ ҳамин,– аз дил гузаронд ў роҳравон…
… 2 …

Ҳафтае пеш ў аз деҳа, аз назди волидайн баргашт. Шаби пеш аз ба шаҳр омаданаш бо падар суҳбати тўлоние доштанд.

пешина
аз 416
навбатӣ