АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Бо амри муфаттиш Назаров пеш – пеш дигарон аз қафои ў вориди бўстонсаро шуданд. Ташхисгар – криминалист лейтенанти калони милиса Юрий Михайлович Колеснитсин, ки аз қафои Назаров буд, чароғҳоро фурўзон кард. Ҳама аз паси Назаров ба ошёнаи дуюм баромаданд.
Ҷасади беҷони духтари дар намуд 24–25 солае дар ошёнаи дуюм, дар хонаи шафати ҳуҷраи кории директор, ки аз рўйи таҷҳизоташ ба хонаи хоб монанд буд, дар паҳлўи дивани зебое гўё мехобид. Аз тарзи афтидани ҷасад маълум буд, ки ў ҳатто имконияти муҳофизати хешро наёфтааст, чунки баробари аз ҷой хестан касе бо ягон ҷисми сахт ба сараш зарба задааст.
– Аз рўйи аломатҳои дар бадани мақтул буда, ҳодиса як– якуним соат пештар рух додаст,– гуфт ташхисгари тиббӣ – судӣ Баҳриддин Давлат.
Қотил шишаи тирезаро бурида, вориди хонаи кории директор гардидааст. Китобҳо ба ҳар тараф партофташуда, коғазҳои болои миз паҳну парешон буданд.
Чунин бесарусомониҳо дар хонаи хоб, он ҷойе, ки ҷасад мехобид ва меҳмонхона ҳам дида мешуд. Вале хонаи корӣ маркази таркишро мемонд. Юрий Михайлович ҳамаи ин «манзараҳоро» дар алоҳидагӣ бо пайвастагии якдигар расм гирифта, то ҳадди имкон нақши ангуштони дар шишаи тиреза, мизу курсӣ ва китобҳо мондаро ба дактилокарта гирифт.
Зарифӣ санади азназаргузаронии ҷойи ҳодисаро тартиб дод.
Ў бошад, гирду атрофи бўстонсароро аз назар гузаронид, вале ягон чизе, ки боиси таваҷҷўҳи тафтишот гардад наёфта, боз ба хона омад.
Зарифӣ лаҳзае аз навиштани санад фориғ шуда, бо Назаров суҳбат кард.
– Мақтул соҳибхона аст?
– Не, котибаи директор.
– Пас чӣ хел ў ба ин ҷо омадааст?
– Директор калидро ба ў дод буд, то ки гулҳоро гоҳ – гоҳ об резад.
– Директор дар куҷост?
– Ўро ҳамроҳи ҳамсараш имрўз ман ба осоишгоҳи «Зумрад» гусел намудам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё