Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар утоқи кории Абдумаҷидов муфаттиш Исҳоқ Табаров ва таҷрибаомўз Сафар Ислом оид ба ҷамъбасти парвандаи ҷиноятӣ суҳбат доштанд. Онҳо ба рафти тафтишот, ки акнун чун роҳи ҳамворе дар пеши назарашон ҷилвагар буд, нигариста ба нишебу фарози он баҳои хешро медоданд ва дар куҷо ба хато роҳ доданашонро дида, сабабаҳои онро ҷустуҷў мекарданд. Ҳамаи ин ба он хотир буд, ки таҷрибаомўз Сафар Ислом аз таҳлили он баҳрае бардорад…
– Мумкин – мӣ, – гуфтани касе ҳарсеро аз баҳс боздошт.
Чун сар бардошта дар остона Каромат Зубайдовро диданд, аз ҷой бархоста, ўро ба нишастан таклиф намуданд. Сафар дар пиёлае чой рехта, ба дасти Каромат дод.
– Ташаккур, – гўён Зубайдов пиёларо аз дасти Сафар Ислом гирифт.
Ҳама интизор буданд, ки Зубайдов зуд ба сари мақсад биёяд. Каромат як – ду қулт чой нўшида, пиёларо болои миз гузошта гуфт:
– Дирўз даъватномаатонро гирифтам, барои ҳамин омадам. Наход то ҳозир ҳам аз ман гумонбар бошед?
– Бубахшед, ки мо дар аввал аз шумо гумонбар шудем ва имрўз барои он даъвататон кардем, ки ба рафти тафтишот нуқта гузорем, – гуфт Абдумаҷидов.
– Гўш мекунам, рафиқ майор.
Акбаршоҳ ба таври мухтасар ўро ба рафти воқеаҳо ва натиҷаи тафтишот шинос карда гуфт:
– Ана, ҳамааш аз рўйи ҳамон ангуштарини алмосдор рух додааст. Агар шумо аз аввал ҳақиқати ҳолро мегуфтед, шояд мо тезтар гиреҳи муамморо мекушодем. Ҳоло ҳам ҳамаашро нагуфтаед.
– Фарз кардем чиро нагуфтам?
– Он чи ки Зулхумор қасди ҷони Замира намудааст.
– Инро ба шумо кӣ гуфт?
– Худи ў. Якчанд рўз пеш ба назди ман омада, аз гуноҳаш иқрор шуд ва ба қавле «тавба» кард.
– Тавба кардан хуб аст. Шумо ўро пазируфтед?
– Не, ман ўро ҳамоно пеш кардам ва Худо кунад, ки дидорашро дар қиёмат ҳам набинам.
– Тақдири тифлатон чӣ мешвад? – пурсид Табаров.

пешина
аз 416
навбатӣ