АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

–… Гуфт бо алмос дар маъдан зуғол,
Эй амини ҷилваҳои лозавол.
Ҳамдамему ҳасту буди мо якест,
Дар ҷаҳон асли вуҷуди мо якест.
Ман ба ин кон мирам зи дарди нокасӣ,
Ту сари тоҷи шаҳаншоҳон расӣ.
Қадри ман аз бадгилӣ камтар зи хок
Аз ҷамоли ту дили оина чок.
Мисли анҷум рўйи ту, ҳам хўи ту.
Ҷилваҳо хезад зи ҳар паҳлўйи ту.
Гоҳ нури дидаи қайсар шавӣ,
Гоҳ зеби дастаи ханҷар шавӣ…
– Баҳ, баҳ, баҳ. Агар махфӣ набошад, ин моли кист?
– Шеъри марди шарқиест, ки ғарибиён ўро Сэр номидаанд.
– Аз аллома Иқбол гўед!
– Бале.
– Хайр, биёед хона дароем, мо ҳарду нафаси тоза гирифтем, дигарон бошанд то ҳол…
Онҳо вориди хонаи Давронов шуданд. Аллакай ҳама омодаи рафтан буданд, вале бе рухсати сардори гурўҳ магар қадаме гузоштан имкон дорад? Албатта не. Милиса барои хурдтарин хато ҷазои интизомӣ мегирад. Баробари вориди хона шудани Табаров ва Абдумаҷидов ҳама аз ҷой бархостанд. – Хуш, Ҷамол–ака акнун вақти рафтан шуд, – гуфт муфаттиш.
Давронов ба тарафи соҳиби овоз ҳатто нимнигоҳе ҳам накарда, аз ҷой хест ва аз ҳама пеш аз хона берун шуд. Ў акнун меҳмонеро мемонд, ки дигарон ба гуселаш баромада буданд. Ўро бо дастони ҳалқабанд ба қафои «Уазик»
шинонданд, ки онро аз салони асосӣ панҷара ҷудо мекард.
Мошин оҳиста – оҳиста аз пеши бино дур шуд.
Кўдаконе, ки дар гирду атроф бозӣ мекарданд, ҳайрон – ҳайрон аз қафои мошине, ки мўйсафеди ҳамсояашонро бо дастони ҳалқазада бурд, менигаристанд…
… 37 …

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё