Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ду дил пур зи кина, яке дил ба ҷой,
Бирафтанд ҳар се ба пардасарой.

Ба Эраҷ нигаҳ кард яксар сипоҳ,
Ки ӯ буд сазовори тахту кулоҳ.

Беоромашон шуд дил аз меҳри ӯй,
Дил аз меҳру дида пур аз чеҳри ӯй,

Сипоҳи пароканда шуд ҷуфт-ҷуфт,
Ҳама номи Эраҷ буд андар нуҳуфт,

Ки «Ҳаст ин сазовори шоҳаншаҳӣ,
Ҷуз инро мабодо кулоҳи меҳӣ!»

Ба лашкар нигаҳ кард Салм аз карон,
Сараш гашт з-он кори лашкар гарон,

Ба хиргаҳ даромад, дили пур зи кин,
Ҷигар пур зи хун, абрувон пур зи чин,

Саропарда пардохт аз анҷуман
Худу Тӯр биншаст бо ройзан,

Сухан шуд пажӯҳида аз ҳар даре,
Зи шоҳиву тоҷу зи ҳар кишваре.

Ба Тӯр аз миёни сухан Салм гуфт,
Ки «Як-як сипоҳ аз чи гаштанд ҷуфт?

Ба ҳангомаи бозгаштан зи роҳ
Ҳамоно накардӣ ба лашкар нигоҳ,

Ки чандон куҷо роҳ бигзоштанд,
Яке чашм з-Эраҷ набардоштанд!..

Аз Эраҷ дили ман ҳаме тира буд,
Бар андеша андешаҳо барфузуд,

Сипоҳи ду кишвар чу кардам нигоҳ,
Аз ин пас ҷуз ӯро нахоҳанд шоҳ.

Агар бехи ӯ нагсилонӣ зи ҷой,
Зи тахти баланд уфтӣ зери пой!»

Бар ин гуна аз ҷой бархостанд,
Ҳама шаб ҳаме чора оростанд.

пешина
аз 345
навбатӣ