Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Чунон низ з-он морҳо бар ду кифт
Зи ранҷи дароз аст монда шигифт,
Аз ин кишвар ояд, ба дигар шавад,
1
Зи ранҷи ду мори сияҳ нағнавад.
Биомад кунун гоҳи бозомадан-ш,
Ки ҷое набошад фаровон будан-ш.»
Кушод он нигори ҷигархаста роз,
Ниҳода бад-ӯ гӯш гарданфароз.
ДОСТОНИ ФАРИДУН БО ВАКИЛИ ЗАҲҲОК
Чу кишвар зи Заҳҳок будӣ тиҳӣ,
Яке моявар буд ба сони раҳӣ,
Ки ӯ доштӣ тахту ганҷу сарой,
Шигифте ба дилсӯзагӣ кадхудой.
Варо Кундрав хондандӣ ба ном,
Ба кундӣ задӣ пеши бедод гом.
Ба кох андаромад давон Кундрав,
Дар айвон яке тоҷвар дид нав,
Нишаста ба ором дар пешгоҳ,
Чу сарви баланд аз бараш гирдмоҳ.
Зи як даст сарви саҳӣ Шаҳрноз,
Зи дасти дигар моҳрӯй Арнавоз.
Ҳама шаҳр яксар пур аз лашкараш,
Камарбастагон саф зада бар дараш.
На осема гашту на пурсид роз,
Ниёишкунон рафту бурдаш намоз.
Бар ӯ офарин кард, к-«Эй шаҳриёр,
Ҳамеша бизӣ, то бувад рӯзгор,
Хуҷаста нишастӣ ту бо фарраҳӣ,
Ки ҳастӣ сазовори шоҳаншаҳӣ,
Ҷаҳон ҳафт кишвар, туро банда бод,
Сарат бартар аз абри боранда бод!»
Нағнавад – наосояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё