Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Куҷо ҳуши Заҳҳок бар дасти туст,
Кушоди ҷаҳон аз камарбасти туст.
Зи тухми кайон мо ду пӯшида пок,
Шуда ром бо ӯ зи бими ҳалок,
Ҳаме хуфтану хост бо ҷуфти мор
Чи гуна тавон бурдан, эй шаҳриёр?!»
Фаридун чунин посух овард боз,
Ки «Гар чарх додам диҳад аз фароз,
Бибуррам пайи аждаҳоро зи хок,
Бишӯям ҷаҳонро зи нопок пок!
Бибояд шуморо кунун гуфт рост,
Ки он бехирад аждаҳофаш куҷост?»
Бар ӯ хубрӯён кушоданд роз,
1
Магар аждаҳоро сар омад ба гоз,
Бигуфтанд, к-«Ӯ сӯи Ҳиндустон
Бишуд, то кунад банду ҷодуситон,
Зи бимат яке тунбал орад ба даст,
Магар з-он тавонад зи банди ту раст.
Зи ҳавли ту рӯзу шаб андар ҳарос
Ҳамебошад, эй шоҳи некӯшинос!
Бибуррад сари бегуноҳон ҳазор,
Ҳаросон шудаст аз бади рӯзгор,
Куҷо гуфта будаш яке пешбин,
Ки «Пардахта монад зи ту ин замин,
Фаридун бигирад сари тахти ту,
Ҳам эдун фурӯ пажмурад бахти ту!»
Дилаш з-он зада фол пуроташ аст,
Ҳамон зиндагонӣ бар ӯ нохуш аст.
Ҳаме хуни дому даду марду зан
Бигирад, кунад дар яке обзан,
Магар, к-ӯ сару тан бишӯяд ба хун,
Шавад фоли ахтаршиносон нагун!
Гоз – миқроз, қайчӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё