Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чи ахтар буд ин аз ту, эй некбахт,
Чи борӣ, зи шохи кадомин дарахт,

Ки эдун ба болини шер омадӣ,
Ситамгора марди далер омадӣ?

Чи моя кашидем ранҷу бало
Аз ин аҳриманкеши дӯшаждаҳо,

Чи моя ҷаҳон гашт бар мо-ба бад
Зи кирдори ин ҷодуи камхирад!

Надидем кас, к-инчунин заҳра дошт,
Бад-ин ҷойгаҳ аз ҳунар баҳра дошт,

К-аш андешаи гоҳи ӯ омадӣ
Ва гар-ш орзӯ ҷоҳи ӯ омадӣ!»

Чунин дод посух Фаридун, ки «Тахт
Намонад ба кас ҷовидона, на бахт!

Манам пури он некдил Обтин,
Ки Заҳҳок бигрифт аз Эронзамин,

Бикушташ ба зориву ман кинаҷӯй
Ниҳодам суи тахти Заҳҳок рӯй!

Ҳамон гови Бармоя, к-ам доя буд,
Зи пайкар танаш ҳамчу пероя буд,

Зи хуни чунин безабон чорпой
Чи омад бар он марди нопокрой?!

Камар бастаам, лоҷарам ҷангҷӯй,
Аз Эрон ба кин андароварда рӯй,

Сарашро бад-ин гурзаи говчеҳр
Бикӯбам, на бахшоиш орам, на меҳр!»

Суханҳо чу бишнид аз ӯ Арнавоз,
Кушода шудаш бар дили пок роз,

Бад-ӯ гуфт: «Шоҳ Офаридун туӣ,
Ки вайрон кунӣ тунбалу ҷодуӣ?¹

Туро пок додор бар пой кард
Бад-он, то барорӣ аз ин мард гард!

Тунбал (тунбул) – макру ҳила, фиребу найранг.

пешина
аз 345
навбатӣ