Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Фаридун бифармуд, то рафт пеш,
Бигуфт ошкоро ҳама рози хеш,

Бифармуд шоҳи диловар бад-ӯй,
Ки «Рав, олати базми шоҳӣ биҷӯй,

Набиз ору ромишгаронро бихон,
Бипаймой ҷому биорой хон!

Касе, к-ӯ ба ромиш сазои ман аст,
Ба базм-андарун дилкушои ман аст!

Биёр, анҷуман кун бари тахти ман,
Чунон чун бувад дархури бахти ман!»

Суханҳо чу бишнид з-ӯ Кундрав,
Бикард, он чи гуфташ ҷаҳондори нав.

Майи равшан оварду ромишгарон,
Ҳам андархураш богуҳар меҳтарон.

Фаридун чу май хӯрду ромиш гузид,
Шабе кард ҷашне, чунон чун сазид.

Чу шуд бомдодон равон, Кундрав
Бурун омад аз пеши солори нав.

Нишаст аз бари бораи роҳҷӯй,
Суи шоҳ Заҳҳок бинҳод рӯй.

Биомад, чу пеши сипаҳбуд расид.
Мар-ӯро бигуфт, он чи диду шунид,

Бад-ӯ гуфт, к-«Эй шоҳи гарданкашон,
Зи баргаштани корат омад нишон,

Се марди сарафроз бо лашкаре
Фароз омаданд аз дигар кишваре.

Аз ин се яке кеҳтар андар миён,
Ба болой сарву ба чеҳра кайон,

Ба сол аст камтар, фузунӣ-ш беш,
Аз он меҳтарон ӯ ниҳад пой пеш,

Яке гурз дорад чу як лахти кӯҳ,
Ҳаме тобад андар миёни гурӯҳ,

Ба асп андаромад ба айвони шоҳ,
Ду пурмоя бо ӯ ҳам эдун ба роҳ,

пешина
аз 345
навбатӣ