Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ба Арвандрӯд-андар овард рӯй,
Чунон чун бувад марди дайҳимҷӯй.

Агар паҳлавонӣ надонӣ забон,
Ба тозӣ ту Арвандро Даҷла хон.

Дигар манзил он шоҳи озодмард
Лаби Даҷлаву шаҳри Бағдод кард.

Чу омад ба наздики Арвандрӯд,
2
Фиристод зӣ рӯдбонон дуруд,

Ки «Киштиву заврақ ҳам андар шитоб
Гузоред яксар бар ин рӯи об!»

Бад-он тозиён гуфт пирӯз шоҳ,
Ки «Киштӣ барафкан ҳам акнун ба роҳ,

Маро бо сипоҳам бад-он сӯ расон,
Аз инҳо якеро бад-ин сӯ намон!»

Наовард киштӣ нигаҳбони рӯд,
Наомад ба гуфти Фаридун фуруд,

Чунин дод посух, ки «Шоҳи ҷаҳон
Чунин гуфт бо ман сухан дар ниҳон,

Маро гуфт, киштӣ марон, то нахуст
Ҷавозе биёбӣ ба муҳрам дуруст!»³

Фаридун, чу бишнид, шуд хашмнок,
Аз он жарфдарё наомад-ш бок,

Ба тундӣ миёни кайонӣ бибаст,
Бар он бораи шердил барнишаст,

Сараш тез шуд кинаву ҷангро,
Ба он-андар афканд гулрангро.

Бибастанд ёрон-ш яксар камар,
Ҳам эдун ба дарё ниҳоданд сар.

Бар он бодпоёни боофарин
Ба об-андарун ғарқа карданд зин.

1
Дайҳим – тоҷ, афсар.
Зӣ – назди; ба.
Ҷавоз – иҷозат; иҷозатнома, хати гузар.

пешина
аз 345
навбатӣ