Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Сари саркашон андаромад ба хоб
Зи тозидани бодпоён ба об.
Ба об-андарун тан, баровард ёл,
Чунон чун шаби тира бози хаёл.
Ба хушкӣ расиданд, сар кинаҷӯй
Ба Байтулмуқаддас ниҳоданд рӯй,
Чу бар паҳлавонӣ забон ронданд,
1
Ҳаме Ганги Дижҳӯхташ хонданд,
Ба тозӣ кунун «Хонаи пок» хон,
Бароварда айвони Заҳҳок дон.
Чу аз дашт наздики шаҳр омаданд,
Аз ин шаҳр ҷӯяндабаҳр омаданд,
Зи як мил кард Офаридун нигоҳ.
Яке кох дид андар он шаҳр шоҳ,
Ки айвон-ш бартар зи кайвон намуд,
Ту гуфтӣ, ситора бихоҳад бисуд,
Фурӯзанда чун муштарӣ бар сипеҳр,
Ҳама ҷои шодиву орому меҳр.
Бидонист, к-он хонаи аждаҳост,
Ки ҷои бузургиву ҷои баҳост,
Ба ёрон-ш гуфт: «Он ки з-ин тирахок
Барорад чунин ҷо баланд аз мағок,
Битарсам ҳаме он, ки бе ӯ ҷаҳон
Яке роз дорад магар дар ниҳон.
Набояд, ки моро дар ин ҷои ҷанг
Шитобидан ояд ба ҷои диранг!».
Бигуфту ба гурзи гарон даст бурд,
Инон бораи тезтакро супурд.
Ту гуфтӣ, яке оташе шуд дуруст,
Ки пеши нигаҳбони айвон бируст.
Гарон гурз бардошт аз пеши зин,
Ту гуфтӣ, ҳаме дарнавардад замин,
Дижҳӯхт – пойтахти кишвари Заҳҳок.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё