Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чу шуд нӯш хӯрда, шитоб омадаш,
Гарон шуд сараш, ройи хоб омадаш.

Чу он эзадӣ рафтани кори ӯй
Бидиданду он бахти бедори ӯй,

Бародар сабук ҳарду бархостанд,
Табаҳ карданашро биоростанд.

Яке кӯҳ буд аз бараш – Бурзкӯҳ,
Бародар-ш ҳарду, ниҳон аз гурӯҳ,

Ба поини куҳ шоҳ хуфта ба ноз,
Шуда як замон аз шаби дерёз,

Ба куҳ бар шуданд он ду бедодгар
В-аз эшон набуд ҳеч касро хабар.

Зи хоро биканданд санге гарон,
Надиданд мар-кори бадро карон.

Чу эшон аз он кӯҳ канданд санг,
Бад-он то бикӯбад сараш бедиранг,

1
Аз он кӯҳ ғалтон фурӯ гоштанд,
Мар-он хуфтаро кушта пиндоштанд.

Ба фармони Яздон сари хуфтамард
Хурӯшидани санг бедор кард.

Ба афсун ҳамон санг бар ҷои хеш
Бибасту яке гом нанҳод пеш.

Бародар бидонист, к-он эзадист,
На аз роҳи бекору дасти бадист.²

Фаридун камар басту андаркашид,
Накард он суханро бад-эшон падид.

Биронду будаш Кова пеши сипоҳ,
Бар афроз ронд ӯ аз он ҷойгоҳ.

Барафрошта ковиёнӣ дирафш,
Ҳумоюн ҳамон хусравонӣ дирафш,

Гоштан – гардондан, давр занондан; дар ин ҷо ба маънии рехтан, ғелондан.
Бекор – ба маънии маъмул ва оҷиз, ночор.

пешина
аз 345
навбатӣ