Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

РАФТАНИ ФАРИДУН БА ҶАНГИ ЗАҲҲОК

Фаридун ба хуршед-бар бурд сар,
Ба кини падар танг баста камар.

Бурун шуд ба шодӣ ба хурдодрӯз,
Ба некахтару фоли гетифурӯз.

Ба пилони гарданкашу говмеш
Сипаҳро ҳаме тӯша бурданд пеш.

Кайонӯшу Пурмоя бар дасти шоҳ
Чу кеҳтар бародар варо некхоҳ.

Ҳаме рафт манзил ба манзил чу бод,
Саре пур зи кина, диле пур зи дод.

1
Расиданд бар Тозиёни наванд,
Ба ҷое, ки яздонпарастон буванд.

Даромад дар он ҷои некон фуруд,
Фиристод наздики эшон дуруд.

Чу шаб тиратар гашт, аз он ҷойгоҳ
Хиромон биомад яке некхоҳ,

2
Фурӯ ҳишта аз мушк то пой мӯй,
Ба кирдори ҳури биҳиштӣ-ш рӯй,

Сурӯше бад-ӯ омада аз биҳишт,
Ки то бозгӯяд бад-ӯ хубу зишт.

Суи меҳтар омад ба сони парӣ,
Ниҳонаш биомӯхт афсунгарӣ,

Ки то бандҳоро бидонад калид,
Кушода ба афсун кунад нопадид.

Фаридун бидонист, к-он эзадист,
На оҳарманиву на кори бадист.

Шуд аз шодмонӣ рухаш арғувон,
Ки танро ҷавон диду давлат ҷавон.

Хуришҳо биорост холигарон,
Яке пок хон аз дари меҳтарон.

Тозиёнӣ наванд – аспи тозон.
Ҳиштан – раҳо кардан, сар додан.

пешина
аз 345
навбатӣ