Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Бародар ду будаш – ду фаррух ҳамол,
Аз ӯ ҳарду озода меҳтар ба сол,
Яке буд аз эшон Кайонӯш ном,
Дигар ном – Пурмояи шодком,
Фаридун бар эшон сухан баркушод,
Ки «Хуррам бувед, эй далерону шод,
Ки гардун нагардад ба ҷуз бар беҳӣ,
Ба мо бозгардад кулоҳи меҳӣ,
Биёред донанда оҳангарон,
Яке гурз созанд моро гарон!»
Чу бикшод лаб, ҳарду биштофтанд,
Ба бозори оҳангарон тофтанд,
Аз он пеша ҳар кас, ки буд номҷӯй,
Ба сӯи Фаридун ниҳоданд рӯй.
Ҷаҳонҷӯй паргор бигрифт зуд
В-аз он гурз пайкар бад-эшон намуд,
Нигоре нигорид бар хок пеш
Ҳамэдун ба сони сари говмеш,
Бад-он даст бурданд оҳангарон,
Чу шуд сохта кори гурзи гарон,
Ба пеши ҷаҳонҷӯй бурданд гурз,
Фурӯзон ба кирдори хуршеди бурз.
Писанд омадаш кори пӯлодгар,
Бибахшидашон ҷомаву симу зар,
Ҳаме кардашон низ фаррухумед,
Басе додашон меҳтариро навид,
Ки гар аждаҳоро кунам зери хок,
Бишӯям шуморо сар аз гард пок,
Ҷаҳонро ҳама сӯи дод оварам,
Чу аз номи додор ёд оварам!»
Сипоҳ анҷуман шуд ба даргоҳи ӯй,
Ба абр андаромад сари гоҳи ӯй.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё