Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бизад бар сари хеш чун гирдмоҳ,
Яке фоли фаррух пай афканд шоҳ.

Фурӯ ҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,
Ҳаме хондаш ковиёнӣ дирафш.¹

Аз ин пас ҳар он кас, ки бигрифт гоҳ,
Ба шоҳӣ ба сар-бар ниҳодӣ кулоҳ,

Бар он бебаҳо чарми оҳангарон
Баровехтӣ нав ба нав гавҳарон.

Зи дебои пурмояву парниён
Бар он гуна гашт ахтари ковиён,

Ки андар шаби тира хуршед буд,
Ҷаҳонро аз ӯ дил пуруммед буд.

Бигашт андар ин низ чанде ҷаҳон,
Ҳаме буданӣ дошт андар ниҳон.

Фаридун чу гетӣ бар он гуна дид,
Ҷаҳон пеши Заҳҳок вожуна дид,

Суи модар омад, камар бар миён,
Ба сар барниҳода кулоҳи кайон,

Ки «Ман рафтаниям суи корзор,
Туро ҷуз ниёиш мабод эч кор!

Зи гетӣ ҷаҳонофарин бартар аст,
Бад-ӯ зан ба ҳар неку бад ҳарду даст!»

Фурӯ рехт об аз мижа модараш,
Ҳамехонд бо хуни дил довараш,

2
Ба Яздон ҳамегуфт: «Зинҳор ман
Супурдам ба ту, эй ҷаҳондор, ман,

Бигардон зи ҷонаш ниҳеби бадон,
Бипардоз гетӣ зи нобихрадон!»

Фаридун сабук сози рафтан гирифт,
Суханро зи ҳар кас нуҳуфтан гирифт.

1 Ковиёнӣ дирафш ё дирафши Кова – парчам ё байрақи Кова, пешдомани чармини ӯ, ки парчам карда, зидди Заҳҳок бархоста буд.
Зинҳор – амон, паноҳ.

пешина
аз 345
навбатӣ