Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Миёни ману ӯ ба айвон дуруст
Яке кӯҳи оҳан, ту гуфтӣ, бируст!

Ҳам эдун чу ӯ зад ба сар-бар ду даст,
Шигифто, маро дар дил омад шикаст!

Надонам, чӣ шояд будан з-ин сипас,
Ки рози сипеҳрӣ надонист кас!»

Чу Кова бурун омад аз пеши шоҳ,
Бар ӯ анҷуман гашт бозоргоҳ,

Ҳаме бархурӯшиду фарёд хонд,
Ҷаҳонро саросар суи дод хонд,

Аз он чарм, к-оҳангарон пушти пой
1
Бипӯшанд ҳангоми захми дарой,

Ҳамон Кова он бар сари найза кард,
Ҳамон гаҳ зи бозор бархост гард.

Хурӯшон ҳамерафт, найза ба даст,
Ки «Эй номдорони яздонпараст,

Касе, к-ӯ ҳавои Фаридун кунад,
Сар аз банди Заҳҳок берун кунад,

Бипӯед, к-ин меҳтар Оҳарман аст,
Ҷаҳонофаринро ба дил душман аст!»

Бад-он бебаҳо носазовор пӯст
Падид омад овои душман зи дӯст.

Ҳамерафт пеш-андарун марди гурд,
Сипоҳе бар ӯ анҷуман шуд на хурд,

Бидонист худ, к-Офаридун куҷост,
Сар андаркашиду ҳаме рафт рост.

Биомад ба даргоҳи солори нав,
Бидидандаш аз дуру бархост ғав,

Чу он пӯст бар найза-бар дид кай,
Ба некӣ яке ахтар афканд пай,

Биорост онро ба дебои Рум,
Зи гавҳар бар ӯ пайкару зар-ш бум,

Захми дарой – чаккушзании (болғазании) оҳангарон.

пешина
аз 345
навбатӣ