Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бад-ӯ боздоданд фарзанди ӯй,
Ба хубӣ биҷустанд пайванди ӯй,

Бифармуд пас Коваро подшоҳ,
Ки бошад бад-он маҳзар-андар гувоҳ.

Чу бархонд Кова ҳама маҳзараш,
Сабук сӯи пирони он кишвараш

Хурӯшид, к-«Эй поймардони дев,
Бурида дил аз тарси кайҳонхидев,

Ҳама сӯи дӯзах ниҳодед рӯй,
Супурдед дилҳо ба гуфтори ӯй!

Набошам бад-ин маҳзар-андар гувоҳ,
На ҳаргиз барандешам аз подшоҳ!»

Хурӯшиду барҷаст ларзон зи ҷой,
Бидарриду биспард маҳзар ба пой.

Гаронмоя фарзанди ӯ пеши ӯй
Аз айвон бурун шуд хурӯшон ба кӯй.

Меҳон шоҳро хонданд офарин,
Ки «Эй номвар шаҳриёри замин,

Зи чархи фалак бар сарат боди сард
Наорад гузаштан ба рӯзи набард,

Чаро пеши ту Коваи хомгӯй
Ба сони ҳамолон кунад сурх рӯй?¹

Ҳаме маҳзари мову паймони ту
Бидаррад, бупечад зи фармони ту?

Сару дил пур аз кина карду бирафт,
Ту гӯӣ, ки аҳди Фаридун гирифт.

Надидем мо кор з-ин зишттар,
Бимондем хира бад-ин кор-дар!»

Кайи номвар посух овард зуд,
Ки «Аз ман шигифте бибояд шунуд,

Ки чун Кова омад зи даргаҳ падид,
Ду гӯши ман овои ӯро шунид,

Ҳамол – ҳамто, мисл.

пешина
аз 345
навбатӣ