Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ситам гар надорӣ ту бар ман раво,
Ба фарзанди ман даст бурдан чаро?

Маро буд ҳаждаҳ писар дар ҷаҳон,
Аз эшон яке мондааст ин замон,

Бибахшову бар ман яке дарнигар,
Ки сӯзон шавад ҳар замонам ҷигар!

Шаҳо, ман чи кардам, яке бозгӯй
В-агар бегуноҳам, баҳона маҷӯй!

Ба ҳоли ман, эй тоҷвар, дарнигар,
Маяфзой бар хештан дарди сар!

Маро рӯзгор инчунин кӯж кард,
Дили беумеду сари пур зи дард,

Ҷавонӣ намондасту фарзанд нест,
Ба гетӣ чу фарзанд пайванд нест.

Ситамро миёну карона бувад,
Ҳам эдун ситамро баҳона бувад,

Баҳона чи дорӣ ту, бар ман биёр,
Ки бар ман сиголӣ бади рӯзгор?!

Яке безиён марди оҳангарам,
Зи шоҳ оташ ояд ҳаме бар сарам,

Ту шоҳиву гар аждаҳопайкарӣ,
Бибояд бад-ин достон доварӣ!

Агар ҳафт кишвар ба шоҳӣ турост,
Чаро ранҷу сахтӣ ҳама баҳри мост?!

Шуморе-т бо ман бибояд гирифт,
Бад-он то ҷаҳон монад андар шигифт,

Магар, к-аз шумори ту ояд падид,
Ки навбат ба фарзанди ман чун расид,

Ки морон-тро мағзи фарзанди ман
Ҳамедод бояд ба ҳар анҷуман!»

Сипаҳбуд ба гуфтори ӯ бингарид,
Шигифт омадаш, к-он суханҳо шунид,

пешина
аз 345
навбатӣ