Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Надорам ҳаме душмане хурду хор,
Битарсам ҳаме аз бади рӯзгор,
Битарсам, ки гирад ба ман бад ҷаҳон,
Кунад мар-маро аз бари гил ниҳон!
Ҳаме з-ин фузун боядам лашкарӣ,
Ҳам аз мардуму ҳам зи деву парӣ,
Яке лашкаре хоҳам ангехтан,
Або девмардум баромехтан,
Бибояд бар ин буд ҳамдостон,
Ки ман ношикебам бад-ин ростон,
1
Яке маҳзар акнун бибояд набишт,
Ки Заҳҳок ҷуз тухми некӣ накишт,
Нагӯяд сухан ҷуз ҳама ростӣ,
Нахоҳад ба дод-андар он костӣ!»
Зи бими сипаҳбуд ҳама ростон
Бад-он кор гаштанд ҳамдостон,
Дар он маҳзари аждаҳо ногузир
Гувоҳӣ набиштанд барнову пир.
Ҳамон гаҳ якояк зи даргоҳи шоҳ
Баромад хурӯшидани додхоҳ.
Ситамдидаро пеши ӯ хонданд,
Бари номдорон-ш биншонданд.
Бад-ӯ гуфт меҳтар ба рӯи дижам,
Ки «Баргӯй, то аз кӣ дидӣ ситам?»
Хурӯшиду зад даст бар сар зи шоҳ,
Ки «Шоҳо, манам Коваи додхоҳ,
Бидеҳ доди ман, омадастам давон,
Ҳаме нолам аз ту ба ранҷи равон!
Агар дод додан бувад кори ту,
Биафзояд, эй шоҳ, миқдори ту!
Зи ту бар ман омад ситам бештар,
Занӣ ҳар замон бар дилам нештар,
Маҳзар – санад, ҳукм.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё