Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Чунин дод посух бад-ӯ Пилтан,
Ки «Эй номвар гурди лашкаршикан,
Нагӯянд з-ин гуна мардони мард,
Ҳамоно ҷавонӣ туро ғарра кард,
Бибинӣ, ки аз пирмарди далер
Чи ояд ба рӯи ту, эй наррашер!»
КУШТА ШУДАНИ СУҲРОБ
БА ДАСТИ РУСТАМ
Дигарбора аспон бибастанд сахт,
Ба сар-бар ҳаме гашт бадхоҳ бахт.
Ҳар он гаҳ, ки хашм оварад бахти шум,
Шавад санги хоро ба кирдори мум.
Ба куштӣ гирифтан ниҳоданд сар,
Гирифтанд ҳар ду дуволи камар.
Сипаҳдор Суҳроб, он зӯрдаст,
Ту гуфтӣ, ки чархи баландаш бибаст,
Ғамӣ гашт, Рустам биёзид чанг,
Гирифт он сару ёли ҷангӣ паланг,
Хам овард пушти диловар ҷавон,
Замона сар омад, набудаш тавон,
Задаш бар замин-бар ба кирдори шер,
Бидонист, к-ӯ ҳам намонад ба зер,
Сабук теғи тез аз миён баркашид,
Бари пури бедордил бардарид!
Ҳар он гаҳ, ки ту ташна гаштӣ ба хун,
Биолудӣ ин ханҷари обгун!
Замона ба хуни ту ташна шавад,
Бар андоми ту мӯй дашна шавад!
Бипечид, аз он пас яке оҳ кард,
Зи нангаш ҳамон нола кӯтоҳ кард,
Бад-ӯ гуфт, к-«Ин бар ман аз ман расид,
Замона ба дасти ту додам калид,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор