Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бад-он сон, ки аз пок Яздон бихост,
Зи нерӯи он кӯҳпайкар бикост.

Чу боз ончунон кор пеш омадаш,
Дил аз бими Суҳроб реш омадаш,

Ба Яздон бинолид, к-эй Кирдгор,
Бад-ин кор ин бандаро пос дор,

Ҳамон зӯр хоҳам, к-аз оғози кор
Маро додӣ, эй пок Парвардгор!

Бад-ӯ боз дод он чунон, к-аш бихост,
Биафзуд бар тан, ҳар он ч-аш бикост

В-аз он обхур шуд ба ҷои набард,
Пурандеша будаш дилу рӯй зард.

Ҳаме тохт Суҳроб чун пили маст,
Каманде ба бозӯ, камоне ба даст,

Гурозону чун шер наъразанон,
Самандаш ҷаҳону ҷаҳонро канон.

Бар он гуна Рустам чу ӯро бидид,
Аҷаб монд, дар вай ҳаме бингарид,

Ғамӣ гашт, аз ӯ монд андар шигифт,
Зи пайкораш андозаҳо баргирифт.

Чу Суҳроб бозомад, ӯро бидид,
Зи боди ҷавонӣ дилаш бардамид,

Чу наздиктар шуд, бад-ӯ бингарид,
Мар-ӯро бад-он фарру он зӯр дид,

Чунин гуфт, к-«Эй раста аз чанги шер,
Чаро омадӣ боз наздам далер?

Чаро омадӣ боз пешам, бигӯй,
Суи ростӣ худ надорӣ ту рӯй!

Ҳамоно, ки аз ҷон ту сер омадӣ,
Ки дар ҷанги шерон далер омадӣ,

Ду борат амон додам аз корзор,
Ба пирӣ-т бахшидам, эй номдор!»

пешина
аз 345
навбатӣ