Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дигаргунатар бошад оини мо,
Ҷуз ин бошад ороиши дини мо:

Касе, к-ӯ ба куштӣ набард оварад,
Сари меҳтаре зери гард оварад,

Нахустин, ки пушташ ниҳад бар замин,
Набуррад сараш, гарчи бошад бакин.

Агар бори дигар-ш зер оварад,
Ба афканданаш номи шер оварад,

Раво бошад, ар сар кунад з-ӯ ҷудо,
Бад-ин гуна-бар бошад оини мо!»

Бад-ин чора аз чанги нараждаҳо
Ҳаме хост ёбад зи куштан раҳо.

Далери ҷавон сар ба гуфтори пир
Бидоду набуд он сухан ҷойгир.

Яке аз далерӣ, дувум аз замон,
Севум аз ҷавонмардиаш бегумон

Раҳо кардаш аз дасту омад ба дашт,
Ба даште, ки бар пешаш оҳу гузашт,

1
Ҳаме кард нахчир, ёдаш набуд
Аз он кас, ки бо ӯ набард озмуд!

Ҳаме дер шуд, боз Ҳумон чу гард
Биомад, бипурсид аз ӯ аз набард.

Ба Ҳумон бигуфт, он куҷо рафта буд,
Суханҳо, ки Рустам бад-ӯ гуфта буд.

Бад-ӯ гуфт Ҳумон: «Дареғ, эй ҷавон,
Ба серӣ расидӣ ҳамоно зи ҷон,

Дареғ ин бару бурзу болои ту,
Рикеби дарозу ялӣ пои ту,

Ҳизарбе, ки оварда будӣ ба дом,
Раҳо кардӣ аз дасту шуд кор хом!

Нигаҳ кун, ки з-ин беҳуда коркард
Чи орад ба пешат ба рӯзи набард!»

1 Ҳаме кард нахчир – нахчир шикор мекард; умуман шикор мекард.

пешина
аз 345
навбатӣ