Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Маро орзӯ буд, ки бар бистарат
Барояд баҳангом ҳуш аз барат!

1
Касе, к-аз ту монад, сутудон кунад,
Бипаррад равон, тан ба зиндон кунад.

Агар ҳуши ту зери дасти ман аст,
Ба фармони Яздон барорам зи даст!»

Зи аспони ҷангӣ фуруд омаданд,
2
Ҳушивор бо кабру хӯд омаданд,

Бибастанд бар санг аспи набард,
3
Бирафтанд ҳарду, равон пур зи дард,

Чу шерон ба куштӣ даровехтанд,
Зи танҳо хайу хун ҳаме рехтанд.

Зи шабгир то соягустурда ҳур
Ҳаме ин бар он, он бар ин кард зӯр.

Бизад даст Суҳроб чун пили маст,
Чу шери даманда зи ҷо дарбиҷаст,

Камарбанди Рустам гирифту кашид,
Зи бас зӯр, гуфтӣ, замин бардарид,

Яке наъра барзад пур аз хашму кин,
Бизад Рустами шерро бар замин,

Нишаст аз бари синаи пилтан,
Пур аз хок чанголу рӯю даҳан,

Ба кирдори шере, ки бар гӯри нар
Занад дасту гӯр андарояд ба сар.

Яке ханҷари обгун баркашид,
Ҳамехост, аз тан сарашро бурид,

Нигаҳ кард Рустам, бе овоз гуфт,
Ки «Ин роз бояд кушод аз нуҳуфт!»

Ба Суҳроб гуфт: «Эй яли шергир,
Камандафкану гурзу шамшергир,

1 Сутудон (устудон) – дахма, гӯрхонаи оташпарастон.
2 Кабр – хафтон, навъе аз либосҳои ҷангӣ.
3 Равон – ҷон, рӯҳ, вуҷуд.

пешина
аз 345
навбатӣ