Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чунин гуфт Суҳроб, к-«Ӯ з-ин сипоҳ
Накард аз далерон касеро табоҳ.

Аз эрониён ман басе куштаам,
Заминро ба хуну гил оғуштаам

В-аз ин бар шумо ҷуз назора набуд,
Валекин наомад касе худ, чи суд?

Агар шер пеш омадӣ, бегумон
Нарастӣ, чунин дон, зи гурзи гарон!

Ба пешам чи бабру палангу ҳизабр,
Ба пайкон фурӯ борам оташ зи абр!

Чу гурдон маро рӯй бинанд тез,
Зиреҳ бар танон-шон шавад реза-рез.

Чу фардо ба пеш аст рӯзи бузург,
Падид ояд он кас, ки бошад сутург,

Ба номи Худованди ҷонофарин,
Намонам зи гурдон яке бар замин!

Кунун хони май бояд оростан,
Бибояд ҳаме ғам зи дил костан»

В-аз он рӯй Рустам сипаҳро бидид,
Сухан ронд бо Гев, гуфту шунид,

Ки «Имрӯз Суҳроби ҷангозмой
Чи гуна ба ҷанг-андар овард пой?»

Чунин гуфт бо Рустами гурд Гев,
К-«Аз ин гуна ҳаргиз надидем нев!

Биомад дамон то миёни сипоҳ,
Зи лашкар бари Тӯс шуд кинахоҳ,

Ки ӯ буд бар зину найза ба даст,
Чу гург ин фуруд омаду барнишаст

Биомад чу бо найза, ӯро бидид,
Ба кирдори шери жиён бардамид,

Хамида амуде бизад бар бараш,
Зи нерӯ биафтод тарг аз сараш,

пешина
аз 345
навбатӣ