Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Зи парда фурӯ ҳишта дебо ҷулайл,
Ғулом истода рада хайл-хайл,

Чи ном аст ӯро зи номоварон,
Сипаҳбаднажод аст ё сарвар он?»

Чунин гуфт, к-«Ӯро Фарибурз хон,
Ки фарзанди шоҳ асту тоҷи гавон.»

Бад-ӯ гуфт Суҳроб, к-«Ин дархур аст,
Ки фарзанди шоҳ асту боафсар аст!»

Бипурсид аз он зард пардасарой,
Дурафши дурахшон ба пешаш ба пой,

Ба гирд-андараш зарду сурху бунафш
Зи ҳар гунае баркашида дирафш,

Дирафше, паси пушт пайкаргуроз,
Сараш моҳи симину боло дароз».

Чи хонанд ӯро зи гарданкашон,
Бигӯ, то чи дорӣ аз ӯ ҳам нишон!»

Чунин гуфт, к-«Ӯро Гуроз аст ном,
2
Ки дар чанги шерон надорад лагом,

Ҳушивору аз тухмаи Гевгон,
3
Ки бар дарду сахтӣ набошад жакон.»

Нишони падар ҷусту бо ӯ нагуфт,
Ҳаме дошт он ростӣ дар нуҳуфт.

Ҷаҳонро чи созӣ, ки худ сохта-ст,
Ҷаҳондор аз ин кор пардохта-ст.

Замона набишта дигаргуна дошт,
Чунон, к-ӯ гузорад, бибояд гузошт.

Чу дил барниҳӣ дар сарои сипанҷ,
Ҳама заҳр з-ӯ биниву дарду ранҷ.

Дигарбора пурсид аз ӯ сарфароз,
Аз он к-аш ба дидори ӯ буд ниёз,

1 Ҷулайл – парда, пӯшиш.
2 Лагом надоштан – назир надоштан.
3 Жакон (жукон) – аз хашму дилтангӣ зери лаб ғурғуркунанда.

пешина
аз 345
навбатӣ