Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Ҳаме ном ҷуст аз даҳони Ҳаҷир,
Магар, к-он суханҳо шавад дилпазир.
Набишта ба сар-бар дигаргуна буд,
Зи фармон накоҳад, на ҳаргиз фузуд.
Қазо чун зи гардун фурӯ ҳишт пар,
Ҳама зиракон кӯр гарданду кар!
В-аз он пас бипурсид, к-«Аз меҳтарон
Кашида саропардае бар карон,
Ки лаълу бунафш аст пардасарой,
Зи саҳмаш ҳаме барфурӯзад зи ҷой,
Саворони бисёру пилон ба пой,
Барояд ҳаме нолаи карраной,
Яке гургпайкар, дурафш аз бараш
Ба абр-андар оварда заррин сараш,
Миёни саропарда тахте зада,
Ситода ғуломон ба пешаш рада?»
Чунин гуфт, к-«Он пури Гударз – Гев,
1
Ки хонанд гурдон варо Геви нев,
Зи Гударзиён меҳтару беҳтар аст,
Ба Эронсипаҳ бар ду баҳра сар аст,
Сарафроз домоди Рустам бувад,
Ба Эронзамин ҳамчу ӯ кам бувад.»
Бад-ӯ гуфт: «Аз он сӯ, ки тобанда шед
Барояд, яке парда бинам сапед
Зи дебои румӣ, ба пешаш савор
Рада баркашида фузун аз ҳазор,
2
Пиёда сипардору жӯпинварон,
Шуда анҷуман лашкари бекарон,
Нишаста сипаҳдор бар тахти оҷ,
Ниҳода бар он оҷ курсии соҷ,
1 Нев – паҳлавон, далер, шуҷоъ.
Жӯпин, жӯбин, зӯбин – найза.²

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо