Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ЛАШКАР КАШИДАНИ КОВУС БО РУСТАМ

Чу хуршед он чодари қиргун
Бидарриду аз парда омад бурун,

Бифармуд Ковус, то Геву Тӯс
Бибастанд бар кӯҳаи пил кӯс.

Дари ганҷ бикшоду рӯзӣ бидод,
Сипаҳ барнишонду буна барниҳод.

Сипаҳдору ҷавшанварон сад ҳазор
Шумурда ба лашкаргаҳ омад савор.

Яке лашкар омад зи паҳлӯ ба дашт,
Ки аз гарди аспон ҳаво тира гашт.

Саропардаву хайма зад бар ду мил,
Бипӯшид гетӣ ба наълу ба пил.

Ҳаво нилгун шуд, замин обнӯс,
Биҷунбид ҳомун зи овои кӯс.

Ҳаме рафт манзил ба манзил сипоҳ,
Шуда рӯи хуршеди тобон сиёҳ,

1
Дурафшидани хишту жӯпин зи гард
Чу оташ паси пардаи лоҷвард,

Зи бас гуна-гуна синону дурафш,
Сипарҳои заррину заррина кафш,

Ту гуфтӣ, ки абре ба ранг обнӯс
Биомад, биборид аз ӯ сандарӯс.²

Ҷаҳонро шаб аз рӯз пайдо набуд,
Ту гуфтӣ, сипеҳру Сурайё набуд.

Аз ин сон бишуд, то дари диж расид,
Шуда хоку санг аз ҷаҳон нопадид.

Хурӯше баланд омад аз дидгоҳ,
Ба Суҳроб бинмуд, к-омад сипоҳ.

Чу Суҳроб аз он гуна ово шунид,
Ба бора баромад, сипаҳ бингарид,

Дурафшидан – дурахшидан, дурахшонӣ.
Сандарӯс – моддаи зардранги каҳрабосон, ки аз дарахт ҳосил мешавад, шилми дарахт.

пешина
аз 345
навбатӣ