Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Вагарна маро пушти лашкар туӣ,
Дар ин тахти шоҳӣ-м афсар туӣ.

Ба ёди ту нӯшам ҳама рӯз ҷом,
Ба меҳри ту кӯшам ҳама субҳу шом,

Маро шоҳӣ аз фарру авранги туст,
Зи Ҷамшед бошем ҳарду дуруст,

Туро хоҳам андар ҷаҳон ёру бас,
Ки бошӣ ба ҳар кор фарёдрас!

Чу озурда гаштӣ ту, эй пилтан,
Пушаймон шудам, хокам андар даҳан!»

Бад-ӯ гуфт Рустам, ки «Кайҳон турост,
Ҳама кеҳтаронему фармон турост.

Ҳамон бар дари ту яке кеҳтарам
В-агар кеҳтариро худ андархурам.

Кунун омадам, то чи фармон диҳӣ,
Ту шоҳи ҷаҳондориву ман раҳӣ.»

Чунин гуфт Ковус, к-«Эй паҳлавон,
Туро бод пайваста равшан равон!

Чунин беҳтар ояд, ки имрӯз базм
Бисозему фардо гузинем разм!»

Биорост ромишгаҳи шоҳвор,
Шуд айвон ба кирдори боғи баҳор,

Гаронмоягонро ҳаме хонданд,
Бад-он хуррамӣ гавҳар афшонданд,

Аз овози абрешиму бонги ной
Суманчеҳрагон пеши хусрав ба пой,

Ҳаме бода хӯрданд то ними шаб
Ба ёди бузургон кушода ду лаб.

Бихӯрданд май, то ҷаҳон тира гашт,
Дили номдорон зи май хира гашт,

Ҳама маст буданду гаштанд боз,
Бипаймуда гурдон шаби дерёз.

пешина
аз 345
навбатӣ