Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дурафши маро чун бибинад зи дур,
Дилаш мотам орад ба ҳангоми сур.

Чу монад ҳаме Рустами Золро,
Худованди шамшеру кӯполро,

Ҳамон низ чун Соми ҷангӣ бувад,
1
Далеру ҳушивору сангӣ бувад,

Бад ин тезӣ-андар наояд ба ҷанг,
Набояд гирифтан чунин кор танг!»

Ба май даст бурданду мастон шуданд,
Зи ёди сипаҳбуд ба дастон шуданд.

Дигар рӯз шабгир ҳам пурхумор
Биомад Таҳамтан, биорост кор.

Зи мастӣ ҳамон рӯз бозистод,
Дувум рӯз рафтан наомад-ш ёд.

Бифармуд Рустам ба холигарон,
Ки андар замон овариданд хон.

Чу хон хӯрда шуд, маҷлис оростанд,
Майу рӯду ромишгарон хостанд.

Чу он рӯз бигзашт, рӯзи дигар
Баророст маҷлис чу рухсори хур.

Се дигар саҳаргаҳ биовард май,
Наомад варо ёди Ковуси кай.

Ба рӯзи чаҳорум баророст Гев,
Чунин гуфт бо гурди солори нев,

Ки «Ковус тунд асту ҳушёр нест,
Ҳамин достон бар дилаш хор нест.

Ғамӣ буд аз ин кору дил пуршитоб,
Шуда дур аз ӯ хӯрду орому хоб.

Ба Зобулситон гар диранг оварем,
Замин пеши Ковус танг оварем.

Шавад шоҳи Эрон ба мо хашмгин,
Зи нопокроӣ дарояд ба кин!»

Ҳушивор (ҳашевор) – оқил, доно, хирадманд.

пешина
аз 345
навбатӣ