Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Набошад чунин кори он баччашер
Вагарчанд гаштаст гурду далер.

Биё, то кунун сӯи айвон шавем,
Ба шодӣ суи кохи Дастон шавем,

Бибинем, то ройи ин кор чист
Ҳамин паҳлавонтурки фархунда кист?»

Биомад суи кохи Дастон фароз
Яли паҳлавон – Рустами сарфароз,

Худу Гев дар кохи Найрам шуданд,
Замоне бибуданду беғам шуданд,

Дувумборааш офарин кард Гев,
Ки «Эй паҳлавони ҷаҳон, гурди нев,

Ба ту бод афрӯхта тоҷу тахт,
Ки зебандаи тоҷӣ, эй некбахт!

Маро шоҳ Ковус фармуду гуфт,
Ки дар Зобулистон набояд-т хуфт,

Агар шаб расӣ, рӯзро бозгард,
Мабодо, ки танг андарояд набард.

Кунун, эй сарафрози бообрӯй,
Ба Эрон бибояд шудан пӯй-пӯй».

Чунин гуфт Рустам, к-«Аз ин бок нест,
Ки охир саранҷом ҷуз хок нест.

Ҳам эдар нишинем имрӯз шод,
Зи Ковусу гурдон нагирем ёд.

Бибошем як рӯзу дам барзанем,
Яке бар лаби хушк нам барзанем

В-аз он пас битозем наздики шоҳ,
Ба гурдони Эрон намоем роҳ.

Магар бахти рахшанда бедор нест,
Вагарна чунин кор душвор нест.

Чу дарё ба мавҷ-андар ояд зи ҷой,
Надорад дами оташи тезпой.

пешина
аз 345
навбатӣ