Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Яке паҳлавоне ба пеш-андарун,
Ки солаш зи ду ҳафт н-омад фузун,
Ба боло зи сарви сиҳӣ бартар аст,
Чу Хуршеди тобон бад-ӯ пайкар аст,
Бараш чун бари шеру болош бурз,
Ба Эрон надидам чунин дасту гурз.
Чу шамшери ҳиндӣ ба чанг оядаш,
Зи дарёву аз кӯҳ нанг оядаш,
Чу овози ӯ раъди ғурранда нест,
Чу бозӯи ӯ теғи бурранда нест,
Ба Эрону Тӯрон чун ӯ мард нест,
Зи гурдон кас ӯро ҳамовард нест!
Ба ном аст Суҳроб гурди далер,
На аз дев печад, на аз пилу шер,
Ту гӯӣ, магар бегумон Рустам аст
Ва ё гурде аз тухмаи Найрам аст!
Ҳаҷири диловар миёнро бибаст,
1
Яке бораи тезтак-бар нишаст,
Бишуд пеши Суҳроб размозмой,
Бар аспаш надидам фузун з-он ба пой,
Ки барҳам занад мижжаро ҷангҷӯй,
Гирояд зи бинӣ суи мағз бӯй,
Ки Суҳробаш аз пушти зин баргирифт,
Бараш монда з-он бозу андар шигифт,
Дуруст асту акнун ба зинҳори ӯст,
Пурозор ҷону пур аз дард пӯст.
Саворони туркон басе дидаам,
Инонпеч аз ин гуна нашнидаам,
Набошад ба гетӣ чу ӯ размсоз,
Магар пилтан гурди гарданфароз.
Ҳамоварди ӯ дар ҷаҳон сар ба сар
Набошад ба ҷуз Рустами Золи Зар!
Бораи тезтак-бар – ба аспи бодпо, ба аспи даванд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо