Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Шаҳаншоҳу Рустам биҷунбад зи ҷой,
Шумо бо Таҳамтан надоред пой,

Намонад яке зинда аз лашкарат,
Надонам, чи ояд зи бад бар сарат!

Дареғ оядам, к-ин чунин ёлу суфт
Ҳаме аз палангон бибояд нуҳуфт,

Набошӣ бас эмин ба бозӯи хеш,
Хурад гови нодон зи паҳлӯи хеш!

Туро беҳтар ояд, ки фармон кунӣ,
Рухи номвар сӯи Тӯрон кунӣ!»

Чу бишнид Суҳроб, нанг омадаш,
Ки осон ҳаме диж ба чанг омадаш.

Ба зери диж-андар яке ҷой буд,
Куҷо диж бад-он ҷой барпой буд,

2
Ба тороҷ дод он ҳама буму руст,
Ба якборагӣ дасти бадро бишуст,

Чунин гуфт, к-«Имрӯз бегоҳ гашт,
Зи пайкори мо даст кӯтоҳ гашт,

Барорем шабгир аз ин бора гард,
Ниҳем андар ин ҷой шӯри набард!» –

Чу гуфт ин, инонро битобиду рафт,
Суи ҷои худ роҳро баргирифт.

НОМАИ ГАЖДАҲАМ БА КОВУС

Чу баргашт Суҳроб, Гаждаҳми пир
Биоварду биншонд марди дабир,

Яке нома бинвишт наздики шоҳ,
Барафканд пӯянда марде ба роҳ.

Нахуст офарин кард бар шаҳриёр,
Намуд он гаҳе гардиши рӯзгор,

Ки «Омад бари мо сипоҳи гарон,
Ҳама размҷӯёну кундоварон,

1
Шумо бо Таҳамтан (Рустам) сарбасар шуда наметавонед; шумо тоби разми Таҳамтан надоред.
Буму руст – сарзамин, қаламрав.

пешина
аз 345
навбатӣ