Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Чунин дод посух, ки «Таҳминаам,
Ту гӯӣ, ки аз ғам ба ду нимаам,
Яке духти шоҳи Самангон манам,
Зи пушти ҳизабрупалангон манам,
Ба гетӣ зи хубон маро ҷуфт нест,
Чу ман зери чархи барин андакест,
Зи парда бурун кас надида маро,
На ҳаргиз кас ово шунида маро.
Ба кирдори афсона аз ҳар касе
Шунидам ҳаме достонат басе,
Ки аз деву шеру палангу наҳанг
Натарсиву ҳастӣ чунин тезчанг,
Шаби тира танҳо ба Тӯрон шавӣ,
Бигардӣ дар он марзу ҳам нағнавӣ,
Ба танҳо яке гӯр бирён кунӣ,
Ҳаворо ба шамшер гирён кунӣ,
Бидаррад дили шеру чарми паланг,
Ҳар он гаҳ ки гурзи ту бинад ба ҷанг,
Бараҳна чу теғи ту бинад уқоб,
Ба нахчир кардан насозад шитоб,
Нишони каманди ту дорад ҳизабр,
Зи бими синони ту хун борад абр –
Чунин достонҳо шунидам зи ту,
Басе лаб ба дандон газидам зи ту,
Биҷустам ҳаме кифту ёлу барат,
Бад-ин шаҳр кард Эзид обишхурат.
Туроам кунун, гар бихоҳӣ маро,
Набинад ҳаме мурғу моҳӣ маро.
Яке он ки бар ту чунин гаштаам,
Хирадро зи баҳри ҳаво куштаам
Ва дигар, ки аз ту магар Кирдгор
Нишонад яке кӯдакам дар канор,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо