Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Сазовори ӯ ҷои орому хоб
Биорост, бинҳод мушку гулоб.
Баросуд Рустам бари хобгоҳ,
Ғунуда шуд аз бодаву ранҷи роҳ.
ОМАДАНИ ТАҲМИНА – ДУХТАРИ
ШОҲИ САМАНГОН БА НАЗДИ РУСТАМ
Чу як баҳра з-он тирашаб даргузашт,
Шабоҳанг бар чархи гардон бигашт.
Сухан гуфтан омад нуҳуфта ба роз,
Дари хобгаҳ нарм карданд боз.
Яке банда шамъи муанбар ба даст,
Хиромон биомад ба болини маст,
Ду абрӯ камону ду гесӯ каманд,
Ба боло ба кирдори сарви баланд,
Ду рух чун ақиқи ямонӣ баранг,
Даҳон чун дили ошиқон гашта танг.
Ду барги гулаш савсани майсиришт,
Ду шамшоди анбарфурӯш аз биҳишт,
Баногӯш тобанда хуршедвор,
Фурӯҳишта з-ӯ ҳалқаи гӯшвор,
Лабон аз табарзад, забон аз шакар.¹
Даҳонаш мукаллал ба дурру гуҳар,²
Ситора ниҳон карда зери ақиқ,
Ту гуфтӣ, варо Зуҳра омад рафиқ,
Равонаш хирад буду тан ҷони пок,
Ту гуфтӣ, ки баҳра надорад зи хок.
Аз ӯ Рустами шердил хира монд,
Бар ӯ офаринҳои Яздон бихонд,
Бипурсид аз ӯ, гуфт: «Номи ту чист?
Чи ҷӯӣ шаби тору коми ту чист?»
Табарзад – набот; ангур.
Мукаллал – орододашуда.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо