Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Нигар, то набошӣ ба обод шаҳр,
Туро аз ҷаҳон кӯҳу дашт аст баҳр!»
Ба ҷои сараш з-он сари бебаҳо
Хуриш сохтанд аз пайи аждаҳо.
Аз ин гуна ҳар моҳиён сӣ ҷавон
Аз эшон ҳамеёфтандӣ равон,
Чу гирд омадӣ мард аз эшон дувист
Бар он сон, ки нашнохтандӣ, ки кист,
Хуришгар бар эшон бузе чанду меш
Бидодиву саҳро ниҳодӣ-ш пеш.
Кунун курд аз он тухма дорад нажод,
К-аз обод н-ояд ба дил-бар-ш ёд,
Бувад хонаҳошон саросар палос,
Надоранд дар дил зи Яздон ҳарос.
Пас оини Заҳҳоки вожунахӯй
Чунон буд, ки чун мебудаш орзӯй,
Зи мардони ҷангӣ яке хостӣ
Ба куштӣ, ки бо дев бархостӣ.
Куҷо номвар духтари хубрӯй
Ба парда-дарун поки бегуфтугӯй,
Парастанда кардӣ-ш бар пеши хеш,
На расми кайӣ буд, на оин, на кеш.
АНДАР ХОБ ДИДАНИ ЗАҲҲОК ФАРИДУНРО
Чу аз рӯзгораш чиҳил сол монд,
Нигар, то ба сар-бар-ш Яздон чи ронд:
Дар айвони шоҳӣ шабе дерёз
Ба хоб-андарун буд бо Арнавоз,
Чунон дид, к-аз шохи шоҳаншаҳон
Се ҷангӣ падид омадӣ ногаҳон.
Ду меҳтар, яке кеҳтар андар миён Ба болои сарву ба чеҳри кайон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё