Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Яке номаш Армоили покдин,
Дигар ном Кармоили пешбин,

Чунон буд, ки буданд рӯзе ба ҳам,
Сухан рафт ҳар гуна аз бешу кам –

Зи бедодгар шоҳу аз лашкараш
В-аз он расмҳои бад андархураш,

Яке гуфт: «Моро ба холигарӣ
Бибояд бари шоҳ рафтоварӣ

В-аз он пас яке чорае сохтан,
Зи ҳар гуна андеша андохтан,

Магар з-ин ду танро, ки резанд хун,
Якеро тавон оваридан бурун».

Бирафтанду холигарӣ сохтанд,
Хуришҳо ба андоза пардохтанд,

Хуришхонаи подшоҳи ҷаҳон
Гирифт он ду бедори фаррух ниҳон.

Чу омад ба ҳангоми хун рехтан,
Ба ширинравон-андар овехтан,

1
Аз он рӯзбонони мардумкушон
Гирифта ду марди ҷавонро кашон,

Давон пеши холигарон тохтанд,
Зи боло ба рӯй-андар андохтанд.

Пур аз дард холигаронро ҷигар,
Пур аз хун ду дида, пур аз кина сар,

Ҳаме бингарид ин бад-он, он бад-ин
Зи кирдору бедоди шоҳи замин,

Аз он ду якеро бипардохтанд,
Ҷуз ин чорае низ нашнохтанд.

Бурун кард мағзи сари гӯспанд,
Баромехт бо мағзи он арҷманд.

Якеро ба ҷон дод зинҳору гуфт:
«Нигар, то набозӣ сар андар нуҳуфт,

Рӯзбон – дар ин ҷо ба маънии ҷаллод.

пешина
аз 345
навбатӣ