Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чунин ҳафтяк бояд ороста
Нигаҳбони ин лашкару хоста.

Ҳама бар фузунӣ биандохтанд,
Ҳама кор некӯ бипардохтанд.

Чу огоҳӣ омад ба гурдони шоҳ,
Хиромон бирафтанд то боргоҳ…

РАФТАНИ РУСТАМ БА ШАҲРИ ХУТАН
БА НАЗДИ ПИРОН

…Сапедадамон, гоҳи бонги хурӯс
Зи даргоҳ бархост овози кӯс.

Таҳамтан биомад чу сарви баланд,
Ба чанг-андарун гурзу бар зин каманд,

Бирафт аз дари шоҳ бо лашкараш,
Ҳаме офарин хонд бар кишвараш.

Сипоҳ аз пасу пушти гурдон зи пеш,
Ниҳода ба каф-бар ҳама ҷони хеш,

Ҳама найзаву тирашон раҳнамун,
Ҳама дастро пок шуста ба хун.

Чу наздикии марзи Тӯрон расид,
Сарони сипаҳро ҳама баргузид,

Ба лашкар чунин гуфт пас паҳлавон,
Ки «Эдар бибошед равшанравон,

Маҷунбед аз эдар, магар ҷони ман
Зи тан бигсилад пок Яздони ман,

Басечида бошед мар-ҷангро,
Ҳама тез карда ба хун чангро!»

Сипаҳро бад-он марзи Эрон бимонд,
Худу саркашон сӯи Тӯрон биронд.

Ҳама ҷома бар сони бозоргон
Бипӯшиду бикшод банд аз миён,

Кушоданд гурдон камарҳои сим,
1
Бипӯшидашон ҷомаҳои гилем,

Ҷомаи гилем – ҷомаи дурушти аз пашми бузу гӯспанд, чакман.

пешина
аз 345
навбатӣ